ОЗМУНИ «МОМОДОЯИ БЕҲТАРИН» 0 3 Мубодила кардан Санаи 18.11.2025 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Озмуни «Момодояи беҳтарин» бо иштироки донишҷӯёни факултети кори момодоягӣ бо роҳбарии омӯзгорони фаъоли кафедраи “Акушерӣ ва Гинекологӣ” Файзалиева Навишта ва Анварбии Карим гузаронида шуд. Мақсади гузаронидани озмун ба донишҷӯён омӯзондани кор дар сохтори хадамоти ҳифзи модарӣ ва кудакӣ, муассисаҳои КАТС, (кумаки аввалияи тиббию санитарӣ) нақши момодояҳо дар татбиқи барномаҳои миллии соҳавӣ, танзими оила ва усулҳои муосири танзими оила мебошад. Зимни гузаронидани озмун дар донишҷӯён малакаҳои зерин бояд инкишоф ёбад: -истифода карда тавонистан аз раванди ҳамширагӣ зимни кор бо занони ҳомила; — дуруст ва ботартибона бурдани ҳуҷҷатгузорӣ; -мулоҳизакорона ва софдилона амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба паст кардани фавтияти модарӣ ва перинаталӣ, танзими оила, пешгирӣ, ташхиси саривақтӣ, барқарорсозии солимии занон, пешгирии сироят; — аз худ намудани иҷроиши пайдарпайии дастамалҳои акушерӣ. Донишҷӯёни фаъоли Озмуни «Момодояи беҳтарин» бо ифтихорномаҳо мукофонида шуданд. Бояд қайд кард, ки омӯзиши мавзӯъҳои муҳими тиббӣ, аз ҷумла кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, барои мутахассисони соҳаи тиб аҳамияти ҳаётӣ дошта, таҷрибаи амалӣ дар ин самт нақши калидӣ мебозад. Сатторзода Саёҳат Мудири кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ 0 3 Мубодила кардан