ГУЗАРОНИДАНИ МАҶЛИСИ ПАДАРУ МОДАРОН БО КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ 0 2 Мубодила кардан Саннаи 20-уми ноябр дар толори маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо падару модарон дар факултети кори ҳамшираи (синфи 9) бо иштироки кормандони Шуъбаи Вазорати Корҳои Дохилии шаҳри Кӯлоб нозири калони шӯъбаи кор бо ноболиғони шаҳри Кӯлоб лейтинанти калони милитсия Мустафои Рустам, Нозири шӯъбаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони шаҳри Кӯлоб лейтинанти калони милитсия Юсуфзода Дилшод, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон, декани факултети кори ҳамшираи (синфи 9) Боева Умеда омӯзгорон ва роҳбарони гуруҳҳои таълимӣ иштирок доштанд. Нозири калони шӯъбаи кор бо ноболиғони шаҳри Кӯлоб лейтинанти калони милитсия Мустафои Рустам оиди иҷроиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қайд намуданд. Волидонро таъкид намуданд, ки фарзандони худро таълиму тарбияи хуб диҳед нагузоред, ки ба беҳудагдӣ ва оворагардӣ равона шаванд. Аввалан дар масъалаи одобу ахлоқи ҳамида доштани фарзанди худ, бо сару либоси намунавӣ ва тавсиявии муассисавӣ омадан ба дарс, напушидани либосҳои бегона яъне бегонапарастӣ бо либоси миллӣ, исифода накардани телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, дар ҷувздонҳои худ овардани китобу дафтар ва ашёҳои хониш мебошад. Таъкид намуданд, ки оиди таълиму тарбияи фарзандони худ ҷидди рафтор намоед. Нозири шӯъбаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони шаҳри Кӯлоб лейтинанти калони милитсия Юсуфзода Дилшод оиди сари вақт ба дарсҳо иштирок намудани донишҷӯён дар ҳаммаи дарсҳои омӯзгорон иштирок намоянд, аз ҷумла дар дарсҳои кураторони гуруҳҳои таълимии худ бо мақсади балан намудани савияи таълиму тарбияи худ суханронӣ намуданд. Мақсади ососии ҷамъ овардани падару модари донишҷӯён дар якҷоягӣ тарбия намудани онҳо дар роҳи дуст доштани ватани биҳиштосоямон Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, чун ки онҳо ояндасози ин ватани маҳбуб мебошанд ин Тоҷикистони мо ки бо хизматҳои Шоёни Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст эҳтиром гузоранд. Маъмурияти МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Пеш 1 то 7 саҳифа Баъдӣ 0 2 Мубодила кардан