ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ИНШО ДАР МАВЗӮИ «ПАРЧАМАТ ПАРАФШОН БОД- ТОҶИКИСТОН» МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН

0 0

Омӯзгорони коллеҷ пайваста дастуру супоришҳо ва фармонҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами миллӣ 18 –уми ноябри соли 2025 байни донишҷӯён Озмуни иншои беҳтарин зери унвони «Парчамат парафшон бод — Тоҷикистон» баргузор намуданд. Дар озмун 38 нафар донишҷӯён иштирок намуда иншо навиштанд. Ҳадафи озмун баланд бардоштани малакаи нутқи хаттӣ, таҳкими саводнокӣ ва рушди ҷаҳонбинии эҷодии донишҷӯён мебошад.

Дар раванди баргузории озмун қоидаҳои таҳияи иншо пешниҳод гардид. Сипас донишҷӯён дар мавзӯи «Парчамат парафшон бод — Тоҷикистон» иншо навиштанд. Дар асоси ҷамъбасти натиҷаҳо аз ҷониби ҳайати доварон ғолибони озмун муайян карда шуданд. Донишҷӯйи гурӯҳи 101 кори ҳамширагӣ Искандарзода Суман ҷойи якум, ҷойи дуюм донишҷӯйи гурӯҳи 101 кори ҳамширагӣ Шакулова Нозанин, ҷойи сеюмро донишҷӯйи гурӯҳи 209 кори момоӣ Маҳмадуллозода Ҷаҳоноро сазовор гардид.

Саидова Д.Р.

Мудири кафедраи “Забон ва адабиёти тоҷик”-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.