ВАРЗИШ- ИН ҲАЁТИ ЗЕБОИ ИНСОН АСТ 0 2 Мубодила кардан Варзиш яке аз василаҳои муҳимми ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Эмомалӣ Раҳмон Варзиш одамро зебо, тавоно ва солим менамояд. Шахсе, ки бо варзиш машғул мегардад ҳам солиму бардам ва ҳам машҳур мешавад. Варзиш дар ҳаёти инсон ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа дорад, зеро марбут ба асоси мавҷудияти инсон- саломатист. Имрӯзҳо низ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар сафи пеш меистад. Хушбахтона, ба шарофати дастгириву ғамхорӣ ва чораандешиҳои пай дар пай ва дахолати бевоситаи Пешвои миллатамон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ дар ин ҷода низ торафт симо ва ҳузури дурахшони худро падидор месозад. Пайваста хабари пирӯзиҳои варзишгарони мо, чӣ хурду чӣ бузург ба гӯш мерасад. Имрӯзҳо теъдоди наврасон ва ҷавононе, ки аз мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста бо медалҳои тилло, нуқраву биринҷӣ ва муҳимтар аз ҳама, бо обрӯи шоиста боз мегарданд, меафзоянд. Варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва аз ҳама ҳаводортарин аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои ҳуқуқ ва иҷтимоиву иқтисодии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ба танзим дароварда, фаъолиятро дар ин соҳа дар кишвар таъмин менамояд. Дар ҳақиқат, давлатро варзиш машҳур мегардонад. Ин сухан беҷо нест, дуруст аст. Варзишгарон метавонанд парчамбардор шаванд ва барои садо додани суруди миллӣ сабабгор шаванд. Бисёр одамон ба намудҳои гуногуни варзиш шуғл меварзанд. Дар муассисаи мо ҳастанд донишҷӯёне, ки варзишро дӯст медоранд ва машғул мешаванд. Теъдоди чунин донишҷӯёне, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он ширкат меварзанд, хеле зиёданд. Яке аз чунин донишҷӯён Мирзоева Сумая донишҷӯи соли аввали факултети кори ҳамширагӣ (синфи 9) мебошад, ки моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ Тоҷикистон оид ба варзиши вазнин (байни мардон ва бонувон) бахшида ба гиромидошти хотираи Нуриддинов Аслиддин шуда гузашт, иштирок намуда, сазовори ҷойи 1-ум гардид, бо медал ва Дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Маъмурияти муассиса ва факултети кори ҳамширагӣ Мирзоева Сумаяро бо ин дастоварди варзишӣ табрику муборакбод намуда, барояш бурдборӣ ва комёбиҳои нав ба навро таманно менамояд. Аҳсан Сумая! Боева Умеда декани факултети кори ҳамширагӣ (синфи 9) МДТ-и «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» Пеш 1 то 3 саҳифа Баъдӣ 0 2 Мубодила кардан