ДАРСИ КУШОД ДАР МАВЗӮИ «СОХТ ВА ТАРКИБИ ҲУҶАЙРА» 0 3 Мубодила кардан Санаи 5.11.2025 сол дар кафедраи «Биология» дарси кушоду намунавӣ аз фанни «Биология бо асосои генетика» таҳти роҳбарии омӯзгори кафедра Боякова Зебунисо дар гурӯҳи 219-и кори ҳамширагӣ (синфи 9) дар мавзӯи «Сохт ва таркиби ҳуҷайра» шуда гузашт. Дарси кушод бо иштироки сардори шӯъбаи илмӣ-методӣ Абдураҳмонов К., сардори шӯъбаи таълим Сафарзода Ф., сардори назорати сифати таҳсилот Набиева Н. ва омӯзгорони ҷавони кафедра иштирок намуданд. Мақсади гузаронидани дарси кушоду намунавӣ баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва ҳавасманд гардонии онҳо нисбати илмҳои дақиқ мебошад. Дар ҷамъбасти дарс сардори шӯъба илмӣ-методӣ доир ба камбудиҳо ва усулҳои муосири таълим ба Боякова З. тавсияҳо доданд. Шовализода Қурбонбӣ мудири кафедраи «Биология»-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 3 Мубодила кардан