ДАРСИ КУШОД ДАР МАВЗӮИ «МУНОСИБАТ БО ПАДАРУ МОДАР ВА ДИГАР АЪЗОЁНИ ОИЛА»

0 1

Дар санаи 17-уми ноябри соли 2025 омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Бобоева Низора дар гурӯҳи 204 ихтисоси «Кори ҳамширагӣ» дарси кушоди таълимӣ аз фанни маърифати оиладорӣ, дар мавзуи «Муносибат бо падару модар ва дигар аъзоёни оила» гузаронид.

Дар дарси кушоди омӯзгор сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот Набиева Нодира, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Саидова Дилафрӯз, омӯзгорони кафедра Комилова Шафоат, Зайдуллоева Шаҳноза, Гулбаҳори Соҳибназар, Валиева Ҳусниябону, Файзов Асомиддин, Исломова Сумангул ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.

Омӯзгор Бобоева Низорамо дарсро оѓоз намуда, доир ба «Муносибат бо падару модар ва дигар аъзоёни оила» суханронӣ намуд.

Дарс дар сатҳи баланд бо истифодаи усулҳои муосири таълимӣ гузаронида шуд. Истифодаи усулҳои фаъол, муҳокимаҳои тарбиявӣ ва мисолҳои равшан ба донишҷӯён имконият дод, ки ба мавзуъ назарҳои ҷолибу созанда пешниҳод намоянд.

Кафедра фаъолияти омӯзгорро ҷонибдорӣ намуда ба ӯ барои меҳнати софдилонааш изҳори сипос намуданд.

Саидова Д.Р.

Мудири кафедраи «Забон ва адабиёти тоҷик»-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.