ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- ПЕШВОИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН 0 1 Мубодила кардан Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 16 ноябр — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси дастуру супоришҳои раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр ва дастури раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ аз 11.11.2025, №05/2244, дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» санаи 15 ноябри соли ҷори ҳамоиши идона таҳти унвони « Эмомалӣ Раҳмон пешвои тоҷикони ҷаҳон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси ҲХДТ дар ш.Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз ва муовинони директор Нуруллоён С.А., Малоҳати Қ., Маҳмудзода Қ.Н., Эмомова С.Ҳ., Бобоев Б. ва омӯзгорону донишҷўён иштирок намуданд. Чорабиниро муовини директор оид ба таълим Нуруллоён Сарвиноз оғоз намуда, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президент табрик гуфт. «Бо ифтихор бояд гуфт, ки Рӯзи Президент таҷассумгари эҳтироми воло ба шахсияти Пешвои миллат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо сиёсати хирадмандонааш тавонистанд сулҳу субот, ваҳдат ва рушди устувори давлатро таъмин намоянд. Ба ҳамаи ҳамватанони азиз ва ҳамкасбони гиромӣ саодату хушбахтӣ, файзу баракат ва рӯзгори пурнишот орзу менамоям», — таъкид намуд Сарвиноз Нуруллоён. Дар идомаи ҳамоиш, сухан ба муовини раиси ҲХДТ дар ш.Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз дода шуд. Ӯ дар суханронии пурмазмунаш аз лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ андешаву хиради волои ин марди ватандӯсту покзамир тавонист ин миллату давлатро аз маҳву парокандагӣ наҷот диҳад, оташи ҷанги дохилиро хомӯш ва сулҳу ваҳдатро дар мамлакат пойдор созад ва то охирин гурезаро ба Ватан наовард, ором нагирифт, дар дили халқаш барои зиндагии ободу осоишта шуълаи умедро бедор кард, заминаҳои бунёдии системаи идоракуниро ташаккул дода, давлатдории миллиро эҳё намуд, барои рушди минбаъдаи кишвар, барои аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадан ва Тоҷикистонро ба марҳалаи нави инкишоф ворид намудан, амалисозии барномаҳои рушди кишварро ҳамаҷониба вусъат дод, монанди бунёди нақбу роҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, неругоҳҳо, рушди хоҷагии қишлоқ, кишоварзӣ, боғдорӣ, сохтмон, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаро рушду ташаккул бахшид, ки бо ин хизматҳои таърихиашон дар дили мардуми тоҷик абади боқи хоҳад монд. Ҳамзамон, қайд гардид, ки ҷорӣ шудани низоми президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари интихоби дурусти сиёсӣ буда, заминаи таҳкими ҳокимияти давлатӣ, беҳтар гардидани фаъолияти идоравӣ ва татбиқи самараноки қонунгузорӣ гардид. Дар чорабинӣ ба як қатор омӯзгорон барои дастовардҳои намоён ва донишҷӯён барои иштирок дар Озмунҳои ҷумҳуриявӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар қисмати фарҳангии коллеҷ ҳунармандон шаҳри Кӯлоб бо сурудҳои ватандӯстона чорабиниро таровати дигар бахшиданд. МАЪМУРИЯТИ МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» Пеш 1 то 39 саҳифа Баъдӣ 0 1 Мубодила кардан