ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.” БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0 2

Омӯзгори гиромӣ, донишҷӯёни азиз, ҳамдиёрони арҷманд!

6 ноябр мо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — санади сарнавиштсоз барои ҳар як тоҷику тоҷикистониро ҷашн мегирем.

Ин санади тақдирсози миллат бо ибтикор ва ташаббуси ваҳдатофаринӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заковату иродаи мардуми тамаддунофари тоҷик қабул гардида, барои амалӣ гардидани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик ҷиҳати эъмори бинои муҳташами Истиқлолият ва ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон мусоидат намудааст.

Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва асоси давлатдорӣ, мақоми баланди сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябр рӯзи қабули Конститутсия ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мешавад. Қабули он соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифт ва барои мардуми тоҷик оғози марҳалаи нави давлатсозӣ гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш қайд кардаанд, ки: «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». Маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Ин Сарқонун аз дилу нияти мардуми заҳматкаш баромада, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона эълон намуд. Он роҳнамои мустаҳками ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад.

Қабули Конститутсия дар Тоҷикистон на танҳо як иқдоми ҳуқуқӣ буд, балки ҳодисаи сиёсӣ-фарҳангии таърихиест, ки пояи давлатдории миллиро устувор кард. Дар он:

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун меъёрҳои асосӣ бунёд ёфтаанд;

Шакли идоракунӣ ва сохтори ҳокимияти давлатӣ муқаррар гардидааст;

Масъалаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ба таври возеҳ танзим шудаанд.

Бо ин ҳуҷҷати муқаддас, тамоми шаҳрвандон дорои ҳуқуқ ва озодиҳои баробар ҳастанд ва Ватани азизамон ба ҷаҳониён мисоли давлате бо пойдевори устувори қонун ва ҳуқуқ шуд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар дунё халқияту миллатҳое ҳастанд, ки аз давлатдорӣ ва конститутсия бенасибанд. Бинобар ин, месазад, ки мо, тоҷикон бо ин ҳуҷҷати таърихӣ, ки ифодакунанда ва роҳнамои мардуми ватанамон аст, ифтихор намоем.

Тибқи Конститутсия халқи тоҷик ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, ифодакунандаи бевоситаи узви созмонҳои умумӣ ва минтақавӣ, ба мисли СММ, САҲА, ИДМ ва ғайра будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – пояи қавии давлатдории миллӣ, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои мардум ва шарти аслии сулҳу осоиштагӣ мебошад. Он моро ба сӯи ояндаи равшан ва рушди босубот раҳнамоӣ мекунад.

Тасдиқи гуфтаҳои болоро дар рушди ҳамаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ метавон мушоҳида кард, чун бо азму талоши мардуми шарифи Тоҷикистон ободии диёр, созандагию бунёдкорӣ, афзунгардонии иқтидори иқтисодии мамлакат ва беҳдошти сатҳи рӯзгори мардум таъмин гардида истодааст.

Ҳамдиёрони азиз! Омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Дар ин рӯзи муборак ба якояки Шумо тандурустиву иқбол дар зиндагӣ ва пешравӣ дар фаъолиятҳоятон орзу менамоям. Бигзор ин рӯз барои ҳар як сокини кишвар рамзи ваҳдат, қонуният ва озодӣ бошад. Таманно дорем, ки Конститутсия ҳамеша ҳамчун чароғи роҳнамо барои тараққиёти давлат ва оромии мардум хизмат кунад.

31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад !

НАЗАРЗОДА Ҷумахон Шамс

Директори МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.