ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮЁНИ ХОБГОҲ 0 1 Мубодила кардан Дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.», дар асоси Нақша-чорабиниҳои шуъбаи таълим вохӯрии навбатии аҳли маъмурият бо истиқоматкунандагони хобгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур Сардори шуъбаи таълим Сафарзода Ф.Р., Сармутахассиси шуъбаи таълим Бобоева Д., мутахассиси шуъбаи таълим Одинаева Г.Р., ва аҳли кормандони хобгоҳ иштирок намуданд. Нахуст, ҳайати комиссияи назоратӣ аз ҳуҷраҳои донишҷӯён, ҷойи дарстайёркунӣ, хӯрокпазӣ ва машғулиятҳои онҳо дидан намуда, сипас Сардори шуъбаи таълим Сафарзода Ф.Р., қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои боз ҳам беҳтару хубтар шудани шароити таҳсил, фароғат ва зисту зиндагонии донишҷӯён корҳои муайянро роҳандозӣ менамояд. Вохӯрии мазкур бо мақсади баррасии масоили татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кудак», арҷгузорӣ ба суннатҳову арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ниёгон, пешгирии исрофкорӣ дар ҷашну маросимҳо, тақлидкории ҷавонон ба пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллати тоҷик бегона, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, инчунин пешгирии нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ ва ҳолати санитарию гигиении хобгоҳҳо баргузор карда шуд. Сипас, сармутахассиси шуъбаи таълим Бобоева Д., фикру андешаҳои худро баён карда, қайд намуд, ки донишҷӯёни дар хобгоҳи Коллеҷ истиқоматкунанда, ҷавобан ба таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои роҳбарияти муассиса ҳуҷраҳои истиқоматии худро дар ҳолати тозаю озода нигоҳ дошта, ҳолати санитарию гигиениро риоя менамоянд. Дар фарҷоми вохӯрии мазкур, мутахассиси шуъбаи таълим Одинаева Г.Р., аз бошандагони хобгоҳ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавонон бояд дар атрофи сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ҳеҷ як мафкураи бегонаро қабул накарда, бо дониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил намуда, дар оянда ба манфиати халқу Ватани хеш хизмати арзанда намоянд. МАЪМУРИЯТ: Пеш 1 то 3 саҳифа Баъдӣ 0 1 Мубодила кардан