Ҷамъбасти Озмуни “Омӯзгор Ва Донишҷӯи Сол” Дар МДТ “Коллеҷи Тиббии Шаҳри Кӯлоб Ба Номи Раҳмонзода Р.А.” Барои Соли Таҳсили 2019-2020

0 143

Санаи 11 уми декабри соли 2020 дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” озмуни беҳтарин “Омӯзгор ва донишҷӯи сол” барои соли таҳсили 2019-2020 ҷамъбаст гардид. Ҳайати комиссияи озмунӣ аз ҳисоби муовинони директор, декани факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён таъйин гардида буданд. Мутобиқи холгузорӣ ба фаъолияти ҳар як омӯзгор аз руи нишондодҳои сифати машғулиятгузорӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, корҳои методӣ, нишон додани сатҳи донишу малакаи касбии баланд дар давоми сол, истифодаи технологияи муосир ҳангоми машғулиятгузорӣ, аз ҷумла технологияи электронӣ, ташкил ва гузаронидани соатҳои тарбиявӣ, нишондоди сифати баланди таҳсил дар гурӯҳҳои таълимӣ баҳогузорӣ карда шуд. Бо ҳамин дар озмун ҷойи аввалро Назарова Озода — омӯзгори фанни “Таърихи халқи тоҷик”, ҷойи дуюмро Бобоев Ёрмуҳаммад — омӯзгори фанни “Анатомия” ва ҷойи сеюмро Розиқова Ҷамила — омӯзгори фанни “Биология бо асосҳои генетика” ишғол намуда, бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Донишҷӯи беҳтарини сол аз руи нишондодҳои давомоти баланд, сатҳи баланди донишазхудкунӣ, иштирок дар озмунҳои фаннӣ ва чорабиниҳои сиёсӣ-тарбиявӣ аз ҷониби комиссия муайян карда шуданд. Ҳамин тариқ Авѓонова Гулистон — донишҷӯи курси 2 юми факултети “Кори табобатӣ”, Камолова Малика — донишҷӯи курси 2 юми факултети “Кори момодоягӣ”, Маҳмадова Дилноза- донишҷӯи курси 2 юми факултети “Кори ҳамширагӣ”, Раҳмонова Шарифамо – донишҷӯи курси 3 юми факултети “Кори фармасевтӣ”, Баҳриддинов Салоҳиддин- донишҷӯи курси 3 юми факултети “Кори дандонсозӣ”, Шарипов Абубакр — донишҷӯи курси 3 юми факултети “Кори тиббӣ-ташхисӣ” ва Ризвонов Сангалӣ — донишҷӯи курси 3 юми факултети “Кори тиббӣ-профилактикӣ” ҳамчун ғолибони озмун бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.