МУАЛЛИМ МАШЪАЛИ РОҲИ ҶАМОАТ

0 8

Ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи касбии омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад. Муаллим — омӯзгор вожаҳое, ки барои ҳар нафар ошною муқаддасанд. Зеро дар ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ислоҳоти бо мароми маориф, беҳтар кардани сифати таълим, баланд бардоштани масъулияти устод — муаллим- омӯзгор доимо таваҷҷуҳи амиқ зоҳир менамояд, зеро калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлоли фикрӣ муаллим, омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Бо ин мақсад бахшида ба «Рӯзи омӯзгор» аз тарафи факултети «Кори ҳамширагӣ» (синфи 9) дар МДТ- и «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.» конференсияи илмӣ- бадеӣ ташкил ва гузаронида шуд. Конференсияро мушовири директор Салимов Ҷ. кушода, ҳозир инро табрику муборакбод намуданд.

Номбурда иброз доштанд, ки «Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад. Сарчашмаи ҳамаи хубиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамояд, илм меомӯзонад, ки чандон кори осон нест».

Дар конференсия корманди китобхона Бобошоева Ҳ. дар мавзӯи «Муаллим равшан кунандаи хиради аҳли башар», донишҷӯёни гурӯҳи 106- и ихтисоси кори ҳамширагӣ Сафарова Парвона дар мавзӯи «Омӯзгор будан шараф аст», Гулмадова Меҳрона дар мавзӯи » Мақоми омӯзгор дар ҷомеа» маърӯза карданд.

Сипас гурӯҳи донишҷӯёни ихтисоси боло зикр дар васфи омӯзгор шеъру таронаҳо карда, устодонро табрик гуфтанд. Дар охир иштирокчиёни фаъоли конференсия бо Сипосномаи маъмурияти муассиса сарфароз гардиданд.

Боева Умеда декани факултети кори ҳамширагӣ ( синфи 9)-и Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.