НАҚШИ ОМӮЗГОР АЗ НИГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

0 1

Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.

                               Эмомалӣ Раҳмон

Даврони Истиқлол барои мо имконият фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу фардо ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи демокративу ҳуқуқбунёд интихоб намоем. Истиқлол барои мардуми кишвари мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талоши фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Мавриди шукр аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизи мо ба муаллим ва меҳнати ӯ диққати ҷиддӣ дода шуда, соҳаи маориф аз ӻамхории вижаи Сарвари кишвар бархурдор мегардад. Бахусус, ин таъкиди Ҷаноби Олӣ бисёр бамаврид ва саривақтист: «Агар ҳадафи мо бунёд кардани ҷомеаи воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд бо дастҷамъӣ рӯй ба ҷониби мактабу маориф оварем. Зеро ояндаи Ҷумҳурӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ваҳдати миллӣ аз мактаб сарчашма мегирад».

Мавриди дигар дар бораи наќши омўзгор чунин ибрози андеша кардааст:

«Наќши омўзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бенињоят бузург аст. Муаллим, пеш аз њама, афрўзандаи чароѓи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, ќисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омўзонидани илму дониш, инчунин омўзонидани адаб ва њидояту роњнамоии шогирдон ба рањи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоќии фаъолияти муаллим табдил ёбад».

Аз номи пуршарафи омўзгор ба мо маълум аст, ки ин ашхоси беназир омўзандаи илму дониш, равшандињандаи роњи дурахшони насли наврас буда, љињати дар амал татбиќ намудани дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон имрўз кормандони ин соњаи калидї тамоми саъю талоши хешро бањри рушду нумўъ ва ба кадрњои баландихтисос таъмин намудани тамоми сохторњои соња равона намудаанд.

Омӯзгорӣ пешаи заҳматталаб ва дар айни замон пуршараф мебошад. Омӯзгорон равшанбахши зиндагӣ ва фаъолияти аҳли ҷомеаанд. Саҳми онҳо дар роҳи тарбияи насли наврас ва ҷавонон бузургу мондагор аст.

Ҳамин аст, ки сол то сол дар ҷомеаи мо мавқеъ ва мартабаи омӯзгор баланд мегардад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмњои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон њар сол таъкид менамояд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оӻоз меёбад».

Шоистаи таъкид аст, ки дар сиёсати Пешвои миллат соҳаи маориф дар меҳвар қарор дорад ва ба рушду такомул ва инкишофи он пайваста тадбирҳои судманд андешида мешавад. Омӯзгор дар роҳи тарбияи насли созандаву бунёдкор ва ватандӯсту хештаншинос саҳми шоиста ва бузург мегузорад. Ҷомеа аз омӯзгор фаъолияти пурсамару фарогирро тақозо дорад.

Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи илму маорифро аз самтҳои хеле муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ медонад, зеро пешрафти минбаъдаи кишвар ба рушди маорифи миллӣ вобаста буда, маҳз зиёиён ба рисолати бузурги хеш тарбияи миллии насли наврас ва ҷавононро ба роҳ монда, онҳоро ба илмомӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ роҳнамоӣ карда метавонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба воситаи афкори маорифпарваронаи хеш дар назди мо, аҳли маориф ва ҷомеа вазифа мегузорад, ки бо роҳи густариш додани арзишҳои нек раванди ташаккули ҷомеаи фарҳангӣ ва пешрафтаро тақвият бахшем ва насли нави кишварро ҳамчун инсонҳои худогоҳу андешаманд ва соҳибмаърифату бофарҳанг ба камол расонем. Барои худ ва наслҳои оянда зиндагии шоистаро замима гузорем.

Мо, омӯзгорон дастуру ҳидоятҳо ва супоришҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат садо доданд, сармашқи кори худ намуда, барои дар сатҳи баланд амалӣ шудани онҳо саъю кӯшиш менамоем.

Ҳар кишваре, ки ба ин соҳа таваҷҷуҳу эътибори рӯзафзун дорад, бешубҳа, ба комёбиву пешравиҳои мунтазам ва пурсамар ноил мегардад. Боиси ифтихору шарафмандии мост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дурандешонаву хирадмандонаи худ ба соҳаи маориф диққати бештару бавусъат зоҳир менамояд, ин соҳаро тақдирсози миллат медонанд ва таъкид мекунанд, ки рушди бонизому пайвастаи мамлакат, пеш аз ҳама, ба вазъи маориф ва фаъолияти кормандони ин соҳа иртиботи қавию ногусастанӣ дорад. Сарвари кишвари мо зимни сафару боздидҳояш дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ҳатман аз муассисаҳои таълимӣ дидан намуда, бо аҳли таълиму тарбия суҳбатҳои ошкорову самимӣ меорояд, дастурҳо медиҳанд. Бо ибтикору ӻамхориҳои Сардори давлат солҳои охир бунёди мактабҳо дар саросари ҷумҳурӣ авҷи тоза дарёфтааст ва таълимгоҳҳо бо ашёву таҷҳизоти муосир, бо воситаҳои техникӣ ҳар чӣ бештар таъмин мешаванд.

Президенти ҷумҳурӣ таъкид карданд, ки ӻамхорӣ нисбат ба соҳаи маориф ва кормандони он ӻамхорӣ нисбат ба таъмини рушди нерӯи инсонӣ мебошад. Сарвари кишвар бори дигар таъкид намуданд, ки мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат боло бурда шавад, то мутахассисони созгори замонро тарбия намоем.

Пешвои миллат дар ҳама Паёмҳои хеш оид ба қадру манзалати омӯзгор сухан меронад ва маорифро бунёди миллати мутамаддин медонад.

Ин ҳама таърифу тавсиф ва ӻамхориҳои Президенти миллат мо маорифчиёнро водор месозад, ки фаъолияти худро дар асоси дастуру нишондодҳои Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмил бахшида, саҳмгузор барои пешрафти минбаъдаи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон бошем ва шогирдони шоиста- бунёдкорони ояндаи дурахшони Ватанро дар сатҳи баланд тарбия намоем. Тамоми заҳмату талошҳои мо бояд барои фардои нек, рушди давлати соҳибихтиёр ва Ватани аҷдодӣ равона шавад.

Аз ин лиҳоз, чунин мешуморем, ки омӯзгорон ва аҳли маориф дар назди худ вазифа гузоранд, ки бо шогирдони худ донишҳои замонавиро ҳарчи амиқтар омӯзонанд ва онҳоро дар рӯҳияи дӯст доштани донишу маърифат, риояи одобу ахлоқи ҳамида, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия намоянд.

Шомадова Мунира

мудири китобхонаи МДТ«Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.