ДАРСИ КУШОД ДАР КАФЕДРАИ “АКУШЕРИ ВА ГИНЕКОЛОГӢ” 0 1 Мубодила кардан Санаи 26.09.2025 дар МДТ“Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” Дарси намунавӣ бо иштироки донишҷӯёни факултети кори момодоягӣ гурӯҳи 301 бо роҳбарии омӯзгори калони кафедраи акушери ва гинекологи Файзалиева Навишта гузаронида шуд. Мақсади гузаронидани дарс ба донишҷӯён омӯзонидани кор дар сохтори хадамоти ҳифзи модарӣ ва кӯдакӣ, муассисаҳои КАТС кӯмаки авалияи тиббию санитарӣ, назорати антенаталии ҳомиладорон ташхиси ҳомиладорӣ, нақши момодояҳо дар татбиқи барномаҳои миллии соҳавӣ. Зимни гузаронидани дарс дар донишҷӯён малакаҳои зерин бояд инкишоф ёбад. -истифода карда тавонистан аз раванди ҳамширагӣ зимни кор бо занони ҳомила. -мулоҳизакорона ва софдилона амали намудани чорабиниҳо оид ба паст кардани фавтияти модарӣ ва перинатали, пешгири ташхиси сари вақти, барқарорсозии солимии занон пешгирии сироят. Бозорова С.С. Мудири кафедраи “Акушери ва гинекологӣ” — и МДТ «Коллеҷи тибби дар шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Пеш 1 то 12 саҳифа Баъдӣ 0 1 Мубодила кардан