НИҲОЛИ СУХАН АЗ РӮДАКӢ САБЗ ШУД 0 10 Мубодила кардан Санаи 19 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бахшида ба рузи Одамшуаро, бунёдгузори адаби форсӣ, нахустин шоири машҳури форсисарои Эронизамин дар давраи Сомониён, асосгузори сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Ниҳоли сухан аз Рӯдакӣ сабз шуд» бахшида ба 1067 – солагии шоир аз тарафи кафедраи Забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид. Дар конференсия шоираи ширинкалом Хосият Вализода ва роҳбарияти муассиса иштирок намуданд. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс аст. Ӯ дар асри 9 дар деҳаи Панҷрӯди Панҷакент ба дунё омада, бо сабку услуби эҷодкори худ замони Сомониёнро нурпоши кард. Нобиғае, кик и ба шеъру сухан рӯҳи тоза бахшид ва таърихи як миллатро бо қаламаш зинда кард. Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ шахсиятест, ки аз нури сухани ӯ адабиёти мо рӯшанӣ гирифт ва забони тоҷикиро бо шеъру ҳикмат, бо ахлоқу маърифат зинда кард. Ӯ аввалин аст, ки суханро ба шеър табдил дод ва шеъро ба қалбҳо расонд. Имрӯз мо бо ифтихор ва эҳтиром ба гузаштаи пурифтихори адабиамон назар меафканем ва аз он илҳом мегирем. Соли 2008 бо пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ЮНЕСКИ 1150 солагии падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню – Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд. Ин арҷгузорӣ ва поси хотир, марҳилае тозаеро дар шинохти Рӯдакӣ, ҳамчун поягузори забони ноби тоҷикӣ, боз намуд. Президенти кишвар бо ишора ба арзишҳои умумибашарии андешаҳои Рӯдакӣ ва мақоми волои ӯ қайд намудаанд; «Ашъори устод Рӯдакӣ сардафтари адабиёти тоҷику форсро имрӯз, яъне баъди зиёда аз ҳазор сол ҳар яки мо ба осонӣ мефаҳмем ва аз маъниҳои баланди он лаззат мебарем. Ин албатта, мояи ифтихору сарфарозии мо тоҷикон мебошад.» Дар конференсия маърузаҳо доир ба фаъолияти шоир аз тарафи омӯзгорон, порчаҳои шеърӣ ва порча аз қисмати шоир бо номи «Бозгашт аз Ҳирот» дар иҷрои донишҷӯёни муассиса пешкаши ҳамагон гардид. Мақсади асосии баргузории чунин конференсияҳо арҷгузорӣ ба шеъру ғазалиёти шоир ва абадан дар дили ҳазорон хонандагони каломи бадеъ боқӣ мондани мазмуну муҳтавои бузурги шеъри форсӣ мебошад. Зинда бод каломи бадеъ ва номи бузурги Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ! Валиева Ҳ.С. Мудири кафедраи «Забон ва адабиёти тоҷик»-ӣ МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кўлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Пеш 1 то 15 саҳифа Баъдӣ 0 10 Мубодила кардан