ИД БАР БОЛОИ ИД!

0 118

      Санаи 30 – юми августи соли ҷорӣ ҷаласаи аввалини Шӯрои олимони МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” дар соли таҳсили 2021-2022 баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаи фаъолият ва дастовардҳо дар соли таҳсили гузаштаи 2020-2021 баррасӣ ва муҳокима гардида, нақшаҳо барои соли таҳсили нав тасдиқ карда шуданд.

      Боиси ифтихор аст, ки бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон  ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар кормандони коллеҷ бо медали сарисинагии Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чор нафар бо Ифтихорномаи вазорат сарфароз гардонида шуданд.

     Дар ҷаласа ҳамчунин 16 нафар омӯзгорони собиқадор барои фаъолияти пурсамарашон дар тарбияи ҷавонон ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, бахшида ба  30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.