ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ш.КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.” НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

0 6

Санаи 24 июли соли 2025 ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст бештар аз 20 нафар намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Нишастро директори коллеҷ н.и.т., Назарзода Ҷумахон Шамс бо пешниҳоди натиҷаи фаъолияти муассиса дар шаш моҳи аввали соли 2025 оғоз намуд. Ба ҳозирин доир ба масъалаҳои рушди пояи моддию техникӣ, заминаи кадрӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, китобхона, иштироки донишҷӯёни коллеҷ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ, шароити зисти донишҷӯён дар хобгоҳ, фаъолияти тарбиявӣ, сохтмони хобгоҳи донишҷӯён ва ғайра маълумот пешниҳод карда шуд.

Дар қисмати саволу ҷавоб масъалаҳои заминаи моддию техникӣ, ҷараёни сохтмони хобгоҳ барои донишҷӯён, сифати таҳсилот, дараҷаи тахассуснокии омӯзгорон, рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар муассисаҳои тандурустӣ, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, вазъи таъмини донишҷӯён бо стипендия, сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисон, ҳолати маишии донишҷӯён ва дигар масъалаҳо мавриди баррасию муҳокима қарор гирифтанд. Роҳбарияти коллеҷ оид ба ҳамаи саволу масъалаҳои аз тарафи намояндагони васоити ахбори омма пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

Раёсати коллеҷ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.