ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ШУКУФОИИ ВАТАН 0 3 Мубодила кардан Ваҳдат — бехтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеӣ мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати Ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рузгори мардум ру ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ру меорад. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷихати сиёсӣва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ пеш меравад. Имрӯз иттифоқ будани миллати тоҷик, пешравии кишвари биҳиштосои мо, меҳмоннавозии халқи инсондӯсти мо мамлакатҳои бурунмарзиро дар ҳайрат гузошта, мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид қарор дорад, ки ин ҳам аз ваҳдату ягонагии мо, самимӣ будани мо нисбат ба Ватан ва Роҳбари воломақом гувоҳӣ медиҳад. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу ваҳдати имрӯзи мо ниҳоят бузург ва беҳамто аст. Мо, ҳамагон шоҳид ҳастем, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, давлатҳои аз лиҳози сохтори сиёсӣ куллан мустақил ба вуҷуд омаданд, ки дар назди онҳо вазифаҳои ниҳоят муҳимму тақдирсоз, ҳамаҷониба мустаҳкам ва қавӣ гардонидани истиқлоли ба даст омада меистод. Махз бо кушишхои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалй Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имруз дар чехраи хар фарзанди точик нишоту хурсандист, вахдату сулх падидор аст. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Малоҳати Қурбон Муовини директор оид ба тарбия-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” 0 3 Мубодила кардан