ПОЙГОҲИ ТАЪЛИМӢ БЕҲТАР МЕШАВАД

0 50

Санаи 13 августи соли равон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии  лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак”, ки бо дастгирии Хазинаи Нуфуси СММ (UNFPA) ва Бонки Исломии Рушд амалӣ карда мешавад дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” ду адад синфхонаи таълимӣ бо мизу курсиҳои дарсӣ, ҷевон ва кондитсионерҳои замонавӣ таъмин карда шуданд. Дар маросими кушодашавии синфхонаҳои таълимӣ роҳбарияти коллеҷ, омӯзгорон ва инчунин намояндагони Хазинаи Нуфуси СММ ва Бонки Исломии Рушд иштирок намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур, Намояндагии Хазинаи нуфуси СММ солҳои охир барои беҳтар намудани омӯзиши фанни момоӣ ва бемориҳои занона дар коллеҷҳои тиббӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла дар доираи лоиҳаи мазкур чопи китобҳои таълимӣ, харидории компютерҳо ва дастгоҳҳои чопӣ, муляжҳо, ташкили маркази омӯзиши фосилавии солимии репродуктивӣ (наслофарӣ), мизу курсиҳо ва дигар ҷиҳози таълимӣ дастрас карда шудааст, ки он албатта боиси беҳтар гаштани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиб гаштааст.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.