САҲМИ ФАРЗАНДОНИ ТОҶИК ДАР ҶАНГИ БУЗУРГӢ ВАТАНӢ

0 3

    Санаи 8 майи соли ҷорӣ дар толори муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тибии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» чорабинии сиёсӣ-адабӣ зери унвони «Саҳми фарзандони тоҷик дар Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ» бахшида ба 80-умин солгарди Иди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини директор оид ба тарбия Назирмадова Рисолат, роҳбарони як қатор сохторҳои муассиса, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

    Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия Назирмадова Рисолат оғоз намуда, ҳозиринро ба ин санаи таърихи табрик намуда, сипас қайд доштанд, ки: Ҷанги дуюми ҷаҳониро таърихшиносони дунё вазнинтарин ва мушкилтарин имтиҳони инсоният дар тулӣ асри бистум меҳисобанд. Тули 5 соли ҷангҳои хунин ва муборизаҳои беамони ин фоҷеаи асри 20 дар ҳудуди 40 давлати дунё сурат гирифтааст. Ва талафоти умумии инсоният ба 55 миллион нафар расид, ки тақрибан 30 миллиони онҳо дар набардҳои мудҳиш ҳалок гардидаанду зарари умумии ҷанг 4,5 триллион долари амрикоро ташкил дод. Мо бо ифтихор мегӯем, ки дар ин ҷанг зиёда аз 300 ҳазор нафар фиристодаҳои тоҷикистонӣ дар набардҳои ҷанг иштирок карданд ва дар ин ғалаба саҳми калон гузоштаанд. Барои қаҳрамонию мардонагӣ 60 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 нафар бо се дараҷаи ордени «Шараф» ва даҳҳо ҳазори дигар бо ордену медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ гардидаанд.

     Сипас, омӯзгорони кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» ба сухан баромада, аз корнамоию қаҳрамонии фарзандони Тоҷикистон дар набардҳои ҷангӣ, саҳми занону бонувон ва дигар ҷанговарони тоҷик маълумотҳои заруриро ироа намуданд.

    Ёддовар мешавем, ки солҳо мегузаранд, аммо ин ғалаба, корнамоию ҷонбозиҳо ва қаҳрамониҳои бобоёну падарони мо доимо дар лавҳаи хотираҳо абадӣ хоҳад монд.

Иброҳимов С.Т.

Мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.