ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ КОЛЛЕҶ ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

0 5

Дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ ва таърихи халқи тоҷик дар соли таҳсили 2024-2025, ки рӯзҳои 17-18 ҷараён дошт ҷамъбаст гардид.

Дар маросими ҷамъбастии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми Раиси Кумита Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини раиси ноҳияи Данғара, Зуҳро Ҳакимзода, роҳбарон, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар даври ниҳоӣ аз 85 муассиса 322 нафар иштирок намуда, аз 43 муассиса беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ифтихорӣ гардида, ба ғолибон Ҷом, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Олимпиада бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсади он тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад.

Боиси ифтихор аст, дар ин Олимпиада донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои намоёну ифтихори гардиданнд, аз ҷумла:

1. Ҷаъфарова Шукрона Шамшерхоновна- донишҷӯйи курси 1-уми факултети «Кори ҳамширагӣ» аз фани забони русӣ, сазовори ҷойи 3-юм ва Дипломи кумитаи тадорукот;

2. Шукрияи Ҷовид- донишҷӯйи курси 2-уми факултети «Кори ҳамширагӣ» аз фани таърихи халқи тоҷик, сазовор ифтихорномаи раиси Кумита;

3. Ашурбии Абдулмуъмин- донишҷӯйи курси 1-уми факултети «Кори ҳамширагӣ» аз фани забон ва адабиёти тоҷик, сазовор ифтихорномаи раиси Кумита;

Аҳли кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса ғолибонро барои соҳиб гардидан ба дастовардҳои назаррас таҳният гуфта, ба онҳо барои фатҳи дигари қуллаҳои таълимию илмӣ муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоянд.

Раёсаи коллеҷ

 

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.