Ҷавонон пайрави Пешвои Миллат!

0 64

Санаи 16 ноябр дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” конфронси илми – назарияви, бахшида ба Рӯзи Президент баргузор гардид. Дар конфронси  мазкур аз тарафи меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯён доир ба таърих ва муҳимияти ҷашни мазкур ва нақши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол маърузаҳо шунида шуданд. Дар конфронс аз тарафи кумитаи Иттифоқҳои касабаи ш.Кӯлоб ба муассиса расми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд. Ҳамчунин ғолибони озмуни иншои беҳтарин доир ба мавзӯи Президенти ман – ифтихори ман, ки байни донишҷӯён гузаронида шуда буд аз тарафи роҳбарияти коллеҷ бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони шуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.