АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ

0 7

      Ҳамасола 14 феврал дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) таҷлил карда мешавад. Боиси хушнудист, ки бо мақсади тақвияти сатҳи донишу маърифати сокинон, аз ҷумла ҷавонону наврасон, дар вилояти Хатлон соли 2025 “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон карда шудааст. Қарори мазкур оғози соли 2025 аз тарафи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид тасдиқ карда шуд. Бояд қайд намуд, ки мардуми тоҷик аз азал ба китобу китобхонӣ шавқу рағбати беканор доштанд. Натиҷаи меҳру муҳаббати беандоза ба китоб аст, ки аз байни халқи тоҷик олимону шоирон ва нависандагон, нобиғаҳои таърихӣ ва сатҳи ҷаҳонӣ имрӯзҳо боиси сарфарозӣ ва ифтихори мо мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам ҷалб намудани мардум, бахусус ҷавонону наврасон ба китобхонӣ ва илмандӯзӣ ташаббусҳои бузургро роҳандозӣ намудаанд. Бо Амри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оила китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров туҳфа карда шуд.

       Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, «Илм-фурӯғи маърифат»,  «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат», «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» шавқу ҳаваси китобхониро дар дили мардум боз ҳам бештар гардонида, чеҳраҳои намоён ва беҳтарин дӯсторони китобхониро байни мардум муаррифӣ намуданд.

         Бахшида ба рӯзи 14 феврал “Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб” ва “Соли фарҳанги китобхонӣ” дар қаламрави вилояти Хатлон  эълон гардидани  соли 2025 аз тарафи омӯзгорону донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” чорабинии ҳадяи китоб ташкилу баргузор гардид. Дар ин рӯз аксияи тақдими китоб ба аҳли роҳбарияту омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ баргузор гардид. Ташкилкунандагони аксияи мазкур, ҳамчунин ба дигар муасисаҳо, аз ҷумла Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Қӯлоб, Қисми ҳарбии 13483 — қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Кӯлоб ташриф оварда, ба ҳайати омӯзгорону хонандагони мактаб-интернат, роҳбарият ва афсарони қисми ҳарбӣ китобҳои бадеӣ тақдим намуданд.

         Аз иқдоми мазкур нафароне, ки ҳамчун тӯҳфа китобҳои бадеиро қабул намуданд хеле шод гардиданд. Боварии комил дорем, ки ташкили чунин чорабиниҳо шавқу ҳаваси ҷавоноро ба китобхонӣ бештар гардонида, боиси бештар гардидани рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватанпарварӣ дар қалби онҳо мегардад.

Назирматова Р.Г.

Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ

Каримова М.

Раиси созмони ҷавонони коллеҷ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.