ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ҶАВОНОНИ «АВАНГАРД» БО САРДОРИ ҚМРВКД ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИДИ ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ КӮЛОБ

0 6

Санаи 07 феврали соли 2025 бо ташаббуси нозири калони ГОПҲНҶ ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб капитани милитсия Ҷамазода Фируз Раҳмон вохӯри бо гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар минтақаи Кӯлоб ташкил ва гузаронида шуд.

Дар вохӯри сардори ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб полковники милитсия Холиқзода Баҳодур, роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» РВКД дар вилояти Хатлон Раҳимзода Меҳроҷ, роҳбари гурӯҳи ҷавонони  «Авангард» дар минтақаи Кӯлоб Ятимов Алишер Рустамхонович, ва роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар ш.Кӯлоб Шарипов Рустам  муовини аввали роҳбари гурӯҳ Каримова Маҳбуба ва як қатор доншҷӯёне, ки дар гурӯҳи «Авангард»-и ш. Кӯлоб аз ҳисоби донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” аъзо ҳастанд иштирок доштанд.

Дар вохӯрӣ перомуни фаъолияти гурӯҳи ҷавонони “Авангард” маълумот дода шуд. Ба гурӯҳи “Авангард” як гурӯҳ ҷавонони фаъол шомил гаштанд. Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки гурӯҳи фаъоли ҷавонони “Авангард” дар оянда фаъолияти худро дар самти фаъол намудани чорабиниҳои ташкилӣ-тарбиявӣ байни ҷавонони шаҳрӯ минтақаи Кӯлоб доир ба мавзӯъҳои тарбияи ватандӯстӣ, тарзи ҳаёти солим, ташкили чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ, пешбурди корҳои ташфиқотӣ байни ҷавонон бо мақсади ҳавасманд гардонидани онҳо барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра бояд боз ҳам бештару беҳтар намояд.

Дар вохӯрӣ омӯзгорони МДТ «Коллеҷи тибби ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Ятимов Алишер, ки вазифаи роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и минтақаи Кӯлоб ва Каримова Маҳбуба, ки муовини роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и ш. Кӯлобро ба ӯҳда доранд, бо сипосномаи сардори ҚМ РВКД полковники милитсия Холиқзода Баҳодур барои ҳамкориҳои судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Сардори шуъбаи кор бо ҷавонон

Каримова Маҳбуба

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.