Дар озмун роҳбарияти муассиса ва аъзоёни ҳакамон аз ҳисоби омӯзгорони варзидаи кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик ва фанҳои гуманитарӣ иштирок доштанд.
Озмунро бо сухани ифтитоҳӣ директори муассиса д.и.т., Азиззода З.А. кушода, мақсад ва вазифаҳои баргузории онро баррасӣ намуданд.
Озмун дар ду номинатсия: Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат ва Китобхони беҳтарин гузаронида шуд. Баъди баромадҳои иштирокчиён, дар асоси хулосаи ҳакамон, омузгорон Абдураҳмонов К, Назарова О., Умедаи Ш. аз кафедраи фанҳои гуманитари ва Аҳтамова С. омузгори кафедраи кори ҳамширагӣ сазовори ҷойҳои намунавӣ ва ифтихорӣ гаштанд.