НАШЪА ДУШМАНИ ИНСОН ВА ҶОМЕЪА

0 8

     Санаи 11 феврали соли ҷорӣ дар доираи иҷроиши бандҳои Барномаи «Стратегияии миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” ҳамоиш бо иштироку мутахассисони соҳа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

   Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур аз огоҳ намудани ҷавонон оид ба хатари истифода ва оқибатҳои зараровари маводи мухаддир ба саломатии инсон, оила ва ҷомеа буд. Имрӯзҳо масъалаи паҳнёбии ҳар гуна маводи нашъаовар ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори коллеҷ оид ба корҳои тарбиявӣ Назирмадова Рисолат оғоз намуд. Сипас меҳмонон аз ҷумла:

   Директори  Маркази вилоятии бемориҳои наркологӣ дар минтақаи Кӯлоб Бердиев О.С. доир ба мавзӯъи «Пешгирии паҳншавии нашъамандӣ»;

   Сармутахассиси Маркази наркологӣ дар минтақаи Кӯлоб Тағоева С.Н. доир ба мавзӯи Мақсадҳои «Стратегияии миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030»;

   Директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ш.Кӯлоб Бобохоҷаев С. дар мавзӯъи «Солимии ҷомеъа ҳадафи мост»;

   Намояндаи Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и ш.Кӯлоб Рафиев Ҷамшед доир мавзӯъи «Мубориза алайҳи ВНМО»;

   Намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовар дар минтақави Кӯлоб Хушвахтзода Умед;

     Омӯзгори кафедраи «Тибби оилавӣ» Асоева Бунафша доир ба мавзӯъи «Нашъамандӣ ва таъсири он ба оила» суханронӣ намуданд. Қайд намудан зарур аст, ки дар суханрониҳои мутахассисон тамоми масъалаҳои вобаста ба нашъамандӣ, зарари он ба саломатии инсон ва ҷомеа ва роҳҳои пешгирӣ аз он муфассал маълумот дода шуд.

   Аз тарафи донишҷӯён ба мутахассисон саволҳо атрофи мавзӯъи матраҳшаванда пешниҳод карда шуд, ки ба ҳамаи онҳо ҷавобҳои саҳеҳ гардонида шуданд.

   Дар охири ҷамъомад ба иштирокчиён аз тарафи мутахассисон варақаҳои ташфиқотӣ пешкаш карда шуд.

   Иштирокчиёни фаъоли ҳамоиш ва меҳмонон барои ҳамкории судманд бо сипосномаи муассиса қадрдонӣ карда шуданд.

   Мудири кафедраи тибби оилавӣ   Бозорова Саёҳат

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.