БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАХАССУСНОКИИ ОМӮЗГОРОН – РОҲИ АСОСИИ БЕҲТАР НАМУДАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ 0 9 Мубодила кардан Дар Муассисаи давлатиии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» чун ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи тахассуснокии омӯзгорон семинарии омӯзишӣ доир ба мавзӯи «Масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ» ташкилу баргузор гардид. Дар семинари таълимӣ зиёда аз 80 нафар омӯзгорон ширкат намуданд. Ба семинари таълимӣ ҳамчунин омӯзгорон аз коллеҷҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб даъват шуда буданд. Семинар аз 20 то 24 январи соли ҷорӣ ҷараён гирифта, дар он омӯзгорони соҳибтаҷриба доир ба мавзӯъҳои “Этика ва қоидаҳои муошират”, “Ҳуҷҷатгузории омӯзгорон”, “Тартиби баҳогузорӣ дар низоми кредитии таҳсилот”, “Истифодабарии услубҳои муосир ва байнифаъоли таълим дар машғулиятҳо”, “Тартиби тақсимоти соатҳои дарсӣ”, “Тарзи дурусти пур кардани варақаҳои санҷишӣ ва имтиҳонӣ”, “Тартиби гузаронидани аттестатсияи омӯзгорон ва масъалаҳои интизоми меҳнат дар муассисаи таълимӣ”, “Тартиби қабули корҳои мустақилонаи донишҷӯён», “Роҳҳои беҳтар намудан ва мониторинги сифати таҳсилот дар кафедраҳо”, «Истифодабарии имтиҳони комплексӣ бо элементҳои OSKE», “Ташкил ва баргузории таҷрибаомӯзии донишҷӯён”, “Истифодабарии тахтаи электронӣ ва дигар ҷиҳози электронӣ дар ҷараёни таълим” барои шунавандагон маърӯзаҳои муфид намуданд. Иштирокчиён ба сатҳи ташкили семинари таълимӣ ва самаранокии он барои такмил додани маҳорати омӯзгорон баҳои баланд доданд. Дар фарҷоми семинари таълимӣ ба иштирокчиён шаҳодатнома тақдим карда шуд. Сардори шубаи илмӣ-методӣ Давлатова С.Т. Пеш 1 то 33 саҳифа Баъдӣ 0 9 Мубодила кардан