ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.” ДАР БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ СЕЛ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

0 51

Донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” дар бартарафсозии оқибатҳои сел дар шаҳри Кӯлоб иштирок карда истодаанд. Барои корҳои бартарафсозӣ ҳамарӯза зиёда аз 150 нафар донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгорон ҷалб карда мешаванд. Донишҷӯён дар тоза намудани хонаю ҳавлиҳои истиқоматӣ, шустани ашёҳҳои рӯзгори шаҳрвандон ва роҳҳо иштирок карда истодаанд.

Аз тарафи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дар кӯчаи Даминзода нуқтаи тиббӣ ташкил карда шудааст, ки он ба шаҳрвандон ёрии тиббӣ мерасонад.

Ҳамчунин зиёда аз 30 нафар донишҷӯён барои бесироятгардонии маконҳои селзада ва дигар иншоотҳо дар якҷоягӣ бо Хадамоти санитарию эпидемиологии минтақа ва шаҳр ҷалб карда шудаанд.

Зиёда аз 40 нафар донишҷӯён ба ҳайси волонтёрон дар чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла тақсимоти маводи озуқа ва пешбурди корҳои тағриботию фаҳмонидадиҳӣ иштирок карда истодаанд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.