ТАШРИФИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ш.КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.» 0 16 Мубодила кардан Рӯзи 24 январи соли ҷорӣ Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» ташриф оварданд. Зимни сафари корӣ, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардорони шуъба, раёсатҳо, ва дигар намояндагони расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб ҳамроҳӣ намуданд. Муҳтарам Давлаталӣ Саид аз синфхонаҳои таълимӣ, лабораторияҳо, китобхонаи коллеҷ дидан намуда, бо як гурӯҳ омӯзгорони коллеҷ сӯҳбат намуданд. Зимни мулоқот бо омӯзгорон ва кормандони муассиса, раиси вилоят оид ба дастуру ҳидоятҳои муҳими Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солонаи худ баён дошта буданд суҳбат оростанд. Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои муҳим, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таҳсилот, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва саҳмгузории ҷавонон дар рушди соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, Давлаталӣ Саид аз шароити таълими донишҷӯён ва фаъолияти омӯзгорон ошно гардида, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои нави хобгоҳи донишҷӯёнро мавриди таҳлил қарор дод. Тавсия дода шуд, ки баҳри беҳтар намудани малағгузорӣ ва вусъат додани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Раиси вилоят таъкид намуданд, ки фароҳам овардани шароити хуби таълимӣ ва зиндагӣ барои донишҷӯён яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти маҳаллӣ мебошад. Раиси вилоят ба роҳбарият ва омӯзгорон барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, рияои одоби муошират дар ҷомеа, боз ҳам бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба хондани китобҳои бадеӣ, ғанӣ гардонидани китобхона дар қатори адабиёти тахассусӣ бо адабиёти бадеӣ, риояи сару либоси ягона ва эҳтиром гузоштан ба анъанаву фарҳанги миллӣ, аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯён, қадр намудани муқаддасоти миллӣ, риояи одоби шаҳрнишинӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ироа гардида буд тавсияҳои муфид доданд. Зимни сӯҳбат аҳли роҳбарият ва омӯзгорон аз ташрифи раиси вилоят ба муассисаи таълимӣ шодбошии амиқи хешро иброз намуданд ва қайд намуданд, ки аз ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати омӯзгорон хеле рӯҳбаланд гаштаанд ва минбаъд низ кӯшиш менамоянд, ки баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, ҷоннок намудани фаъолият бо мақсади беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи касбии тиббӣ саъю кӯшиш хоҳанд намуд. Раёсати коллеҷ Пеш 1 то 44 саҳифа Баъдӣ 0 16 Мубодила кардан