ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРҚАРОР МЕШАВАНД

0 71

Санаи 11 – уми майи соли равон дар натиҷаи омадани сел мутаасифона талафоти ҷонии одамон ба қайд гирифта шуда, садҳо хонаҳои истиқоматии сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб, роҳҳои мошингарди маҳҳалӣ, шаҳрӣ, иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ, пулҳои мошингузар, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва чорвои шаҳрвандон талаф ёфтанд.

Вале мардуми Кӯлобшаҳр ноумед нестанд. Имрӯзҳо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ба мардуми шаҳри Кӯлоб баръало ҳис карда мешавад. Дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ситоди ҷумҳуриявӣ ҳаҷми зарарҳои офати табииро муайян намуда, корҳои барқарорсозӣ дар ин самт ба роҳ монда шудаанд. Аз тамоми кишвар ба шаҳри Кӯлоб имрӯзҳо кӯмакҳо, аз ҷумлаи масолеҳи сохтмонӣ, озуқаю хӯрока, техникаи роҳсозию сохтмонӣ ворид шуда истодааст. Дар барқарорсозии оқибатҳои сел идораю корхонаҳои марбута, аҳолӣ, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ саҳм гузошта истодаанд. Мо бо иродаи қавӣ гуфта метавонем, ки сулҳу ваҳдати миллӣ, дӯстию ягонагии мардуми кишвар дар Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон медиҳад, ки чунин мушкилотҳо ба зудӣ паси сар карда шаванд.

Омӯзгорону донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” низ дар якҷоягӣ бо дигар муассисаҳо дар барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ фаъолона ширкат намуда истодаанд. Аз тарафи коллеҷ як нуқтаи тиббӣ дар кӯчаи Даминзода ташкил карда шудааст, ки дар он табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ ба аҳолӣ кӯмаки аввалияи тиббӣ мерасонанд. Ҳамчунин 15 нафар донишҷӯён ба гӯрӯҳи кории Хадамоти санитарию эпидемиологии минтақаи Кӯлоб шомил гардида, дар корҳои бесироятгардонӣ иштирок намуда истодаанд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.