ОМОДА НАМУДАНИ ДАМОБАҲО АЗ ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШ

0 13

    Дар Тоҷикистон зиёда аз 200 намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки ҳануз аз замони ҳакими бузург Абӯалӣ ибни Сино то имрӯз  барои табобати беморон васеъ ва самаранок истифода бурда мешаванд.

   Дар фасли зимистон дар байни аҳолӣ бемориҳои бо шамолхурӣ вобаста аз ҷумла зуком, бронхит, тонзилиту фарингит авҷ мегиранд. Аз ин рӯ дар фасли сармо истифодаи гиёҳчойҳо аз рустаниҳои табобатие, ки масунияти бадани инсонро баланд мекунанд ва аз витаминҳои табиӣ бой мебошанд мувофиқи мақсад мебошад. Доир ба мавзӯи “Омода намудани дамобаҳои табобатӣ барои табобати шамолхурӣ” санаи 10 декабри соли ҷорӣ дар кафедраи фарматсияи МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” машғулияти амалӣ баргузор гардид. Дар машғулият услуби омода намудани дамоба дар шароити хона бо истифода аз гиёҳҳои витаминдор ва баландкунандаи масуният бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш ба донишҷӯён намоиш дода шуд. Қайд намудан зарур аст, ки ҳангоми шамолхурӣ одамон метавонанд аз гиёҳҳои зерини шифобахш, аз чумла марвак, хуч, сагакхор, пудина, имбир, алое, сесанбар, қоқу, ангат, хардал, ки аз витаминҳо боянд ва боиси баланшавии масуният мебошанд истифода намоянд.

Мудири кафедраи фарматсия Сайдалиева У.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.