ҒОЛИБОНИ МО

0 11

Дар таърихи 3-декабри соли ҷорӣ омӯзгори кафедраи “Педиатрия”-и коллеҷ Халилова Зулхумор дар Озмуни нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон- “Ҷумҳурият” дар якҷояги бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд зери унвони “ДУОИ МОДАР” бо мақолаи бадеӣ-тарбиявӣ бо номи “Номаҳои модар” фаъолона иштирок намуда, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ кадрдонӣ гардид.

Инчунин, бахшида ба 30 — солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Озмуни “Мақолаи беҳтарин” дар байни ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ эълон карда шуд.

Дар ин Озмун омӯзгори калони кафедраи “Терапия”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” Ҳаитова Ҷамила Санговна барои нигоштааш зери номи “Ҷашни 30-солагии ХХДТ ва саҳми он дар пешбурди сиёсати ҶТ” бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотирави кадрдонӣ   карда шуд.

Хайати омӯзгорон ва кормандони муассиса омӯзгорон  Халилова Зулхумор ва Ҳаитова Ҷамила Санговнаро ба ин дастоварди таърихиашон самимона муборакбод мегуем.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.