ҚАДРШИНОСИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 0 9 Мубодила кардан Санаи 4-уми ноябри соли ҷорӣ дар бинои Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар чорабинии тантанавӣ бо мақсади қадршиносии ғолибони даври сеюми (вилоятии) озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Боиси сарфарозист, ки дар даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Кенҷазода Марҷона донишҷӯи курси 2-юми факултети «Кори табобатӣ» сазовори ҷойи 3-юм аз рӯи номинатсияи «Адабиёти муосир» ва Ашурова Сайёра донишҷӯи курси 2-юми факултети «Кори ҳамширагӣ» аз рӯи номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» сазовори ҷойи 3 – юм гардида дар чорабинии мазкур аз тарафи Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Далаталӣ Саид бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гаштанд. Ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ солҳои минбаъда кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда ба дастовардҳои назаррас ноил ганданд. Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтзода Г. Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 9 Мубодила кардан