БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД ДАР МАВЗӮИ; “ТАВСИФИ ПСИХОЛОГИИ МИЗОҶ” 0 11 Мубодила кардан Санаи 28-уми ноябри соли 2024 дар осорхонаи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» дарси кушоди Ҳусайнов Файзалӣ Раҳмонович., муаллими кафедраи Терапия дар мавзӯи “Тавсифи психологии мизоҷ” дар гурӯҳи таълимии 212-и ихтисоси “Кори табобатӣ” баргузор гардид. Дар дарс ҷонишини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ н.и.п., Маҳмудзода Қ.Н., мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони муассиса иштирок варзиданд. Нахуст дарсро муаллим Ҳусайнов Ф.Р., оғоз намуданд. Ҳангоми рафти дарс муаллим доир ба тавсифи психологии мизоҷ сухан ронда қайд намуданд, ки дар психология ҳамаи одамонро вобаста ба табиаташон (типи мизоҷ) ба чор гурӯҳ ҷудо мекунанд. Холерик, меланхолик, флегматик ва сангвиник. Ин чор типро ҳамчун чор типи мизоҷ номгузорӣ кардаанд. Чор тип чунин хусусиятҳоро доро мебошанд: Мизоҷи сангвиникӣ- Одамдӯсти ва бо дигарон дар муошират будан, ошкорбаёнӣ, суханварӣ, хушгӯӣ, дидадарой, зиндадилӣ, фориғболӣ, дуст доштани низому тартиб,ташаббускорӣ…� Мизоҷи холерикӣ- зуд ранҷидан, бе сабру қарорӣ, бадмуомила, мутаассиршаванда, зудбовар ва гаправ, ҳардамхаёл, зудтағирёбанда , зиндадил, бовари ба қувва ва ғайрати худ, ташабускор… Мизоҷи флегматикӣ- одами беғайрат, ботамкин, одамдӯстӣ, меҳрубонӣ, мақсаднок, эътиборнок, худбовари ба зеҳну қобилят, хотирҷамъӣ ва таҳаммулпазирӣ… Мизоҷи меланхоликӣ- зудранҷ, тундмизоҷ, пурҳаяҷон, якрав,саркаш, таъсирпазир,нозукдил, ноумедӣ, афтодаруҳӣ, ботаҳамул, ботамкинӣ, канорагирӣ-дури ҷустан… Сипас донишҷӯёнӣ гурӯҳи таълими мазкур Қосимзода З, Зоирзода С, Пирова Р, Сафарова М, ва дигарон дар бораи асоси физиологии мизоҷ маълумот доданд. Дар охири дарс муаллим миёни донишҷӯён саволу ҷавоб гузаронид. Ҳамзамон донишҷӯён дар навбати хеш фаъоли намуда, ба ҳамаи саволҳои додаи муаллим ҷавобҳои мушаххас гардониданд. 0 11 Мубодила кардан