ОЗМУНИ “ДОРУСОЗИ БЕҲТАРИН”

0 138

Санаи 6 майи соли равон дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” аз тарафи кафедраҳои фарматсия ва фармакология озмуни “Дорусози беҳтарин” ташкилу баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур донишҷӯён ба ду гурӯҳ тақсим шуда, байни худ мутобиқи шартҳои озмун, ки аз саволу ҷавоб, иҷрои корҳои амалӣ аз фанни технологияи дорусозӣ, маълумотдиҳӣ дар бораи гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва омодасозии хуришҳои баҳорӣ бо шарҳи таркиби витаминӣ ва таъсири онҳо ба саломатии инсон иборат буд рақобат намуданд. Озмуни мазкур нишон дод, ки донишҷӯён доир ба масъалаҳои мубрами фанни технологияи дорусозӣ, гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва витаминҳо маълумоти саҳеҳ доранд. Зимни озмун иштирокчиён дар бораи корҳои амалӣ, витаминҳо ва гиёҳҳои шифобахш маълумоти иловагӣ гирифтанд. Аъзои ҳакамон кӯшишу ғайрати ҳарду гурӯҳро ба инобат гирифта, озмунро мусовӣ арзёбӣ намуд. Дар охир донишҷӯёни фаъол аз тарафи роҳбарияти коллеҷ бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Мудири кафедраи фарматсияи
МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб
ба номи Раҳмонзода Р.А.”                                          Зулфалиев Б.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.