ҲХДТ- МАКТАБИ БУЗУРГИ ҶАВОНПАРВАР 0 11 Мубодила кардан Қисми асосии аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандагони кору фаолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа хулоса ояндаи давлату миллат мебошанд. Эмомалӣ Раҳмон Ҳанӯз дар айёми бисёр ҳассос замоне, ки дар кишвари мо ҷанги шаҳрванди идома дошт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати ташкили ҳизби сиёси пеш омад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалии Раҳмон ба фаолияти ҲХТ, ки баъдан ба унвони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинохта шуд, замина гузоштанд. Аз ин хотир ҲХДТ-ро маҳсули андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалии Раҳмон метавон маънидод кард. ҲХДТ ҳамчун зодаи даврони соҳбистиқлолии кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагию бунёдкори ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстию худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд. Ғояҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҲХДТ аз ҷониби аксари мардуми кишвар дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани мухолифатҳои дохилӣ барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ ва баргузории ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ тавонист, ки дар ташаккули бунёди давлатдорию давлатсозӣ нақши муҳим гузорад. Таърих гувоҳ аст, ки ҳизби мо ҳамчун қисми таркибӣ ва муҳити низоми сиёсии ҷумҳурӣ аз рӯзи нахустини вориди майдони сиёсат гаштан тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ бо такя ба масъулиятшиносӣ иқтидори зеҳнии аъзоёни худ таҳкимбахши раванди созандагию бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст. Дар тули 30- соли фаолияти ҲХДТ ҳамчун нерӯи тавонои сиёсии кишвар ва қувваи таъсиргузори ҷомеа дар ҳоли рушд қарор дошта, мактаби ғоявӣ ва назарявии он мунтазам такмил меёбад. Боиси зикр аст, ки фаъолияти ҷавонони кишвар низ дар кумита ва ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ инъикос мегардад. Яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва махсусан ҲХДТ-ро доир ба ҳалли масоили ҷавонон сиёсати «Рӯй овардан ба ҷавонон» мебошад. Баҳри ба ин ҳадаф расидан ҲХДТ дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро доимо тарбия менамояд, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд. Маълум аст, ки имрӯзҳо фаъолияти ҷавонон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ назаррас аст. Аз сӯи дигар, саҳмгузории ҷавонон ба дараҷаи тасаввурот ва дарку фаҳмиши онҳо оид ба масоили гуногуни ҳаётӣ низ вобастагии амиқ дорад. Бо мақсади боз ҳам муттаҳид намудани ҷавонон, истифодаи неруи зеҳнӣ ва созандагии насли наврас ва бо ин васила, афзун гардонидани шумораи аъзоён ҳизб ва зиёд кардани алоқамандону ҷонибдорони ҲХДТ дар асоси қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказӣ моҳи апрели соли 2011 Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони ҲХДТ «Ҷавонон созандагони Ватан» ва «Мактаби сиёсатмадори ҷавон» таъсис дода шуд. Вазифаи ташкилоти мазкур ҷалби ҷавонон ба сафи ҲХДТ ба шумор мерафт. Мақсади асосии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ин ба вуҷуд овардани шароити иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани донишҳои ақлонӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонӣ, вазъи иҷтимоӣ, фарҳангӣ сиёсӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва динӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамояд, ки: “Ҷавонон ояндасози давлату миллатанд”. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррифкунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегуянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро чавонон ташкил мекунад. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зуру бозуи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд. Ҷавонон такягоҳи боэътимоди давлату миллатанд, ки ин ба ҳеҷ кас пӯшида нест ва дар Барномаи ҳизб низ ҳадафҳои дар робита ба дастгирии ҷавонон ҳамаҷониба инъикос ёфтанд. Аз ин рӯ, ҲХДТ аз замони дар фазои сиёсии мамлакат зуҳур карданаш ба ин қишрӣ пешқадам ва бунёдкори ҷомеа эътибори ҷиддӣ медиҳад. Бо мақсади ҷалби насли ҷавон ба фаъолияти сиёсӣ ва беҳтар гардонидани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар 17 марти соли 1994 дар доираи Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти расмии Сарвари мамлакат (он вақт Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор гардид. Ин ҳамоиш дар шароите баргузор мегардид, ки сохторҳои идоракунии давлатӣ ташаккул меёфт ва мамлакат дар оғӯши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт, яъне кулли ҷомеа, бахусус, ҷавонон дар фикри зинда мондан буданд. Вале новобаста аз ин, бо умеди роҳнамоии ҷавонон ба фардои нек ва равонасозии онҳо ба бунёди давлати аҷдодӣ, дастёбӣ ба мустақилияти комил, ҳувияти миллӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ, Сарвари мамлакат бо ҷавонон мулоқот мекунад. Дар натиҷаи мулоқот таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҷавонон хеле зиёд мегардад, мувофиқан ҳавасмандии ҷавонон барои бунёди давлати навин баланд гашта, ҳаракатҳои нахустини ҷамъиятии ҷавонон, маҳфилҳо ва гурӯҳҳои худфаъол ташаккул меёбанд, ки ин давраи ташаккулёбии муносибатҳо барои ҷавонон давраи қадамҳои устувор дар роҳи бунёди таҳкурсии асосии сиёсати давлатии ҷавонон-низоми идоракунии соҳаи кор бо ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр, яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ ва муҳимми инъикоскунандаи устувории сиёсати давлатии ҷавонон ин таваҷҷуҳи махсус, мумтоз ва падаронаи Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон ва ин соҳаи ояндабахш ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки дар анҷуманҳои ҲХДТ, ҷаласаҳои ҳизбӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти онро ҷалби ҷавонон ба сафҳои ҳизб ва диққати махсус зоҳир намудан ба ин табақаи созанда ва ояндабахши ҷомеа ба ҳисоб меравад. Қариб ҳар сол дар барномаҳои кории ҳизб дастгирии ҷавонон дар роҳи таҳсил, корҳои идоравӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои давлатӣ ҷойи махсусро ишѓол намудааст. Дар фаъолияти ҳизб ҳанӯз аз рӯзҳои таъсисёбӣ ҷавонон соҳиби мавқеи баланд мебошанд, ки ин ҳама аз таваҷҷуҳи бевоситаи Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бар меояд. Ҳусайнов Ф.Р., Омӯзгори МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А” 0 11 Мубодила кардан