ҲУМОИ БАХТ — ПАРЧАМ!

0 18

Парчами озодагон пар мезанад,

Аз замин то осмон пар мезанад.

Метапад дар рангҳояш рӯҳи халқ,

Аз карон то бекарон пар мезанад.

Ҷони мо саршори ишқи меҳан аст,

Достони ростон пар мезанад.

Бар сари мо ҳамчунон мурғи ҳумост,

Парчами озодагон пар мезанад.

Санаи 23 ноябри соли ҷорӣ, дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» чорабинии тантанавӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «ҲУМОИ БАХТ — ПАРЧАМ!» дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ-фарҳангӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, раиси ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим ва роҳбарияту омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ ширкат доштанд. Конференсияро муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтзода Гулангез оғоз намуда, қайд намуданд, ки: Парчам ин рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллии ҳар як давлат мебошад. Мавқеи ҳар як давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ тавассути парчами ӯ шинохта мешавад. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад.

Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд. Дар парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эътимори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.

Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо табрикоти раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёрро ба аҳли омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ расонида, аз ҷумла қайд намуд, ки: Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти асосие мебошад, ки аз соҳибистиқлол, демократӣ, ягонагӣ ва дунявӣ будани давлати тоҷикон шаҳодат медиҳад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи анъанаи куҳани ливодории ниёгонамон ба ҳисоб меравад ва он дар рангҳои худ ормону орзуи поку беолоиши мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Чи гунае, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд «Мо бояд дар дили ҳар фард ҳанӯз аз синни кӯдакӣ нангу номуси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ, ҳисси бузурги эҳтиромро ба рамзҳои муқаддаси давлат – Конститутсия, Нишону Парчам, Суруди миллӣ ва дигар муқаддасоти миллати хеш тарбия намоем». Парчами миллии мо нишони рӯҳи бешикаст ва иродаи мустаҳками миллати мо ба шумор меравад.

Сипас сухан ба раиси ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим дода шуд. Ӯ қайд кард, ки Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ҳамчун иди миллӣ 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, дар он рӯз мардуми шарифи мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори ин ҷашни нави миллӣ ва давлатӣ табрик намуда, зикр намуда буданд, ки Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Бешак, Парчами давлати Тоҷикистони соҳиистиқлол чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳо ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ» мебошад. Парчами давлатӣ дар худ 3 рангро таҷассум намудааст, ки дар он ҳадафу мароми халқ ифода ёфтааст.

Ёддовар мешавем, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 24-ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикитсон тасдиқ гардида буд.

Дар охир Конференсия як қатор омӯзгорону донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва варзишӣ, бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ишироки фаъолона варзида будаанд бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти муасссиса қадрдонӣ карда шуданд.

Г.Ҳ. Хушвахтзода

Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.