ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ДОХИЛИМУАССИСАВИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ Ш.КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.”

0 60

Санаи 3 — юми майи соли 2021 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” даври дохилимуассисавии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Ба даври сеюми озмуни мазкур 10 нафар довталабон аз руи номинатсияи адабиёти классикӣ роҳ ёфта буданд. Аъзои ҳакамон тибқи дастурамали низомномаи озмун ба ҳар як иштирокчӣ холгузорӣ намуданд. Дар натиҷа Гулизори Абдуқодир донишҷӯи курси 1 – уми ихтисоси кори ҳамширагӣ сазовори ҷойи аввал, Саидова Дилноза донишҷӯи гурӯҳи 106, ихтисоси кори ҳамширагӣ ҷойи дуюм ва Бедилова Парвона донишҷӯи гурӯҳи 104 – и ихтисоси кори ҳамширагӣ сазовори ҷойи сеюм гардида, барои иштирок дар даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

Мудири кафедраи забони тоҷикӣ
Комилова Ш.Т.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.