ЧОРАБИНИҲОИ ТАЪЛИМӢ, БАХШИДА БА РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ

0 225

Бо мақсади омӯзиши ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба мудофиаи гражданӣ санаи 28 апрели соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” чорабиниҳои таълимӣ гузаронида шуд.  Дар чорабинии мазкур намояндагони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд. Чорабинии мазкур бо мақсади эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ҳангоми сар задани онҳо баргузор карда шуд.

Дар ин рӯз дар Коллеҷ дарсҳои кушод доир ба мавзӯъҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми рух додан, усулҳои муҳофизати ҳайъат ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ташкил карда шуданд.

Тибқи сенария чорабинии таълимӣ бо садо додани бонги хатар донишҷӯён ва омӯзгорон ба ҷойҳои бехавфи саҳни муассиса баромаданд.

Гурӯҳҳои наҷот тибқи дастурамал чорабиниҳои лозима, аз ҷумла хабардорсозӣ, наҷот додани зарардидагон, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба зарардидагон, хомӯш намудани сӯхтор ва дигар ҳолатҳои ба вуқӯъ омадаро ба анҷом расониданд.

Дар рафти тамринҳо гурӯҳҳои ёрирасон аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ба хубӣ баромаданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.