ДАРСИ КУШОД ДАР ДОРУХОНАИ ТАЪЛИМӢ

0 2

    Санаи 14 октябри соли ҷорӣ аз тарафи кафедраи «Фарматсия» дарси кушоди намунавӣ аз фанни «Технологияи дорусозӣ» доир ба мавзӯи «Технологияи омодасозии хокаҳо» зери роҳбарии омӯзгор Умарзода Латофат ва донишҷуёни бахши 3-юми ихтисоси «Кори фармасевтӣ» баргузор гардид. Омӯзгор дар машғулият усулҳои муосири таълимиро бо истифода аз аёниятҳо баргузор гардонид. Дар машғулият ба донишҷӯён  услубу технологияи тайёр намудани хокаҳо,баркашидан, инчунин тартиб додани шиноснома ва навиштани дорухат бо хокаҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

    Қайд намудан зарур аст, ки омодасозии мутахассисон дар соҳаи дорусозӣ талаботи замон буда, истеҳсоли корхонаҳои дорусозӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

           Мудири кафедраи фарматсия     Сайдалиева У.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.