Санаи 10 уми октябри соли ҷорӣ дар толори Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб ҷаласаи Шӯрои волидайни донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтзода Г.Ҳ., Салимов Саймуҳаммад — мудири бахши дин, танзиму ҷашну маросимҳо дар ш.Кӯлоб, Ғолибҷони Бархиё – сархатиби масҷиди ҷомеъаи марказии ш.Кӯлоб, Ҳайдарзода Назира – раиси шурои кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб, зиёда аз 300 нафар падару модарони донишҷӯён ва дигар аъзоёни раёсати коллеҷ ширкат доштанд.
Рӯзномаи ҷаласа мавзӯъҳои зеринро дар бар гирифт:
1. Аҳамияти иҷтимоии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»;
2. Омӯзиши масъалаҳои марбут ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
3. Масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни ҳайати роҳбарият ва омӯзгорони коллеҷ бо падару модарони донишҷӯён;
4. Назорати раванди таълиму тарбия дар муассисаи таълимӣ, хона, риояи талаботи дохилаи коллеҷ, риояи сару либосҳои тавсиявӣ аз тарафи донишҷӯён ва ғ.;
-
Масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, даст задани онҳо ба қонунвайронкунӣ ва ҷиноят;