ЧАРОҒИ РАҲНАМОИ МО – МУАЛЛИМ

0 0

   Санаи 4 – юми октябри соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”, бахшида ба «Рӯзи омӯзгор» ва Рӯзи забони давлатӣ Конференсияи илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.  Дар чорабинӣ  директори коллеҷ доктори илмҳои тиб Азиззода З.А., Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд.

    Чорабиниро директори муассиса оғоз намуда, ҳамаи омӯзгоронро ба ин санаи фархунда табрик намуда, қайд доштанд, ки: Асосгузори сулҳу  Ваҳтати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар дарси  сулҳ  иброз  доштанд, ки эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Сипас, омӯзгорони муассиса Салимов Ҷ.Н. ва Абдураҳмонов К.Ҷ. бо маърӯзаҳои илмии худ доир ба аҳамияту шаҳомати омӯзгор ва забони модарӣ баромади пурмуҳтаво намуданд.

         Дар қисмати тантанавӣ ғолибони  Озмуни муассисавии “Омӯзгори сол — 2024” қадрдонӣ гардиданд. Мудири кафедраи “Асосҳои кори ҳамширагӣ” Аҳтамова Сарвиноз Самадовна сазовори ҷойи якум, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Абдураҳмонова Гулчеҳра  — ҷойи дуюм, мудири кафедраи “Тибби оилавӣ” Бозорова Сайёҳат Сатторовна  ва  мудири кафедраи “Момоӣ ва бемориҳои занона”  Шарипова Дилафрӯз Файзуллоевна ҷойи сеюмро ишғол намуданд, ки бо ифтихорнома, мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравии роҳбарияти муассиса қадрдонӣ гардиданд.

     Инчунин як қатор омӯзгорони муассиса барои фаъолияти сермаҳсулашон дар таълиму тарбияи ҷавонон бо сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ карда шуданд.

   Бояд қайд намуд, ки 3 нафар донишҷӯйёни коллеҷ Намоззода Дилноза Зафар, Кулобиева Муборак Ҷурахоновна ва Тоирова Парвина, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷойҳои ифтихориро соҳиб гашта буданд, бо сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гаштанд.

     Қисмати бадеӣ- фарҳангии чорабинӣ  бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон устод Алимуҳаммад Муродӣ ва ҳунармандони филармонияи халқии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба номи Одина Ҳошим дар шакли ширу шакар ба чорабинӣ ҳусну таровати дигар бахшид.

         Хотиррасон мешавем, ки шоир Алимуҳаммад Муродӣ 3 августи соли 1945 дар деҳаи Қавоқи н. Шамсиддин Шоҳин ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар интернати “Комунизм”-и деҳаи Саричашма гирифтааст. Соли 1969 факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Осори  пурғановати устод Алимуҳаммад Муродиро “Дастниҳол”, “Нози Наврӯз”, “Чароғи рӯзадор”, “Роҳи  рӯҳ”, “Хайрбоди баҳор”, “Моҳи хусрав”, “Сияҳҷангал” ва ғайраҳо ташкил менамояд. Устод Алимуҳаммад Муродӣ аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  мебошад. Соли 2005 ҷоизаи ба номи устод Мирзо Турсунзода ва Шамсиддин Шоҳинро сазовор гардидааст ва соли 2020 бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

         Шоир дар чорабинӣ бо иштирокчиён сӯҳбати самимӣ намуда, аз ашъораш, ки тарбияи ватандӯстиро асосан дар бар мегирифт шеърҳо қироат намуд. Ҳунармандони филармонияи халқии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо истифода аз ашъори шоир сурудҳо хонда хотири иштирокчиёнро болида намуданд.

Хушвахтзода Г.Ҳ. муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ

Иброҳимов С. раиси Иттифоқи касабаи кормандони коллеҷ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.