ФАЪОЛИЯТИ МАҲФИЛҲОИ ФАННӢ – ЗАМИНАИ БЕҲТАРШАВИИ СИФАТИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОН

0 2

Ихтисоси кори ҳамширагӣ яке аз муҳимтарин касбҳои соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Хадамоти тандурустиро бе иштироки ҳамшираҳои тиббӣ имрӯзҳо тасаввур намудан ғайриимкон аст. Вазифаҳо ва масъулияти ҳамшираҳои тиббӣ сол аз сол бо рушди соҳаи тандурустӣ, воридшавии усулҳо ва технологияи навин дар ташхису табобати бемориҳо афзун мегардад. Вобаста ба ин донишҷӯён ва ҳамшираҳои тиббии дар касби худ фаъолияткунандаро зарур аст, ки пайваста дониш андӯзанд ва касби худро ҳамарӯза такмил диҳанд. Дар кафедраҳои заминавии коллеҷ маҳфилҳои “Ҳамшираҳои тиббӣ”, “Ҳамшираи тибби оилавӣ” ва “Момодоя” фаъолият менамоянд. Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи дониши назариявӣ ва амалии донишҷӯён дар кафедраҳои ихтисоси ҳамширагии коллеҷ дар доираи фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ пайваста чорабиниҳои таълимӣ, аз ҷумлаи конфронсҳои таълимӣ, озмунҳои тахассусӣ, викторинаҳо, мизҳои мудаввар ва ғ. ташкилу баргузор карда мешаванд. Мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки ташкили чунин чорабиниҳо ҳавасманднокии донишҷӯёнро ба касби интихобнамудаашон ва сатҳи донишандӯзии назариявӣ ва амалии онҳоро беҳтар месозад. Натиҷаи ин аст, ки иштироки донишҷӯёни коллеҷ солҳои охир дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ беҳтар гаштааст ва онҳо сазовори ҷойҳои намоён гашта истодаанд.

         Бахши таълим

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.