ҲАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ «ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ – ПАЙВАНДГАРИ ДИЛҲО ВА ТАМАДДУНҲО»

0 2

         Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 – юми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардад. Ин ташаббус аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти № 664 «Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» рӯйи даст гирифта шуд.

         Бо ҳамин мақсад 27 – уми сентябри соли равон дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» аз тарафи омӯзгорони кафедраи «Забон ва адабиёти тоҷик» конференсияи илмӣ — адабӣ  таҳти унвони «Ҷалолиддини Балхӣ – пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо» ташкилу баргузор гардид. Дар конфронси мазкур ҳайати роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Омӯзгорон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳо доир ба мавзӯъҳои ҳаёт ва фаъолияти Ҷалолиддини Балхӣ, осори ӯ, саҳми мутафаккири бузург дар рушду нумӯи адабиёту фарҳанги ҷаҳон суханронӣ намуданд. Аз тарафи донишҷӯён аз ашъори шоир қироатҳо ва саҳнаҳои тарбиявӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

        Бояд тазаккур дод, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ 30 юми сентябри соли 1207 дар Балх ба дунё омада, дар шаҳри Қунияи Рум зиндагӣ ва эҷод намудааст. Шоир дар соли 1273 дар Рум вафот кардааст. Алҳол оромгоҳаш дар шаҳри Қунияи Туркия қарор дошта, зиёратгоҳи ҳазорон дӯстдорони каломи бадеъ аст.

       Ҷалолиддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст, ки бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Асарҳои офаридаи ӯ «Девони Шамс», «Маҷолиси саъба», «Мактубот», «Фихи мо фихи», «Маснавии маънавӣ», мебошанд, ки хонандагонро ба дунёи маърифату заковат ворид мекунанд.

  Осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо чандин забонҳои дунё тарҷума ба нашр шуда, дастраси ҳаводорони илму адаб гаштааст ва ин аз мазмуни волои осори ин нобиғаи адаб шаҳодат медиҳад.

Мақсади  баргузории конфронс аз он иборат буд, ки шеъру ғазалиёти  шоир дар дили ҳазорон хонандагони каломи бадеъ роҳ ёфта ашъори шоир доимо зиндаю хотирмон гардад.

            Валиева Ҳусниябону

 Мудири кафедраи «Забон ва адабиёти тоҷик»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.