ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»

0 2

   Донишҷӯёни МДТ “Колеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Кулобиева Муборак Ҷурахоновна ва Намоззода Дилноза Зафар (аз бахши дуюми факултети кори табобатӣ) дар озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат», ки рӯзҳои 25-28 уми сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Албатта ташкилу баргузории озмуни мазкур ба он боис мегардад, ки сатҳи худшиносии миллии донишҷӯён, донишандӯзии онҳо аз таърихи халқи тоҷик, роҳҳои ноил гаштани тоҷикон ба соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ, чеҳраҳои бузурги миллат, бузургии забони модарӣ ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкили соҳибистиқлолӣ таҳким ва мустаҳкамгардонии ваҳдати миллию ягонагии давлати Тоҷикистон зиёда гардад.

         Дар озмун мушоҳида карда мешуд, ки донишҷӯён ба он бо як омодагии хеле хуб ҳозир шуда буданд ва бисер шавқу ҳавас зоҳир менамуданд. Онҳо иброз доштанд, ки солҳои оянда боз ҳам хубтару беҳтар ба озмун омодагӣ мегиранд.

Ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ

              Нуруллоева С.А.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.