ВОХУРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ БАХШИ АВВАЛ

0 3

     Санаҳои 12-14 уми сентябри соли равон дар сањни коллеҷ  вохӯрии ҳайати роҳбарикунандаи МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” бо донишҷӯёни бахши аввал баргузор гардид. Дар ҷамъомад директори коллеҷ д.и.т., Азиззода З.А. суханронӣ намуда, донишҷӯёнро барои шарафманд гаштан бо унвони донишҷӯйӣ ва 33 юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Зимни суханронӣ аз донишҷӯён таъкид ба амал оварда шуд, ки аз шароитҳои имрӯз дар коллеҷ мавҷудбуда, аз ҷумла омӯзгорони соҳибтаҷриба, синфхонаҳои барҳаво, китобхона, майдончаву толори варзишӣ ва ғайра васеъ истифода намуда, донишу ҳунар омӯзанд. Ӯ аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябр – Дарси сулҳ ёдовар гашта иброз намуд, ки ин ҳама шароитҳо аз неъмати истиқлолият ва ғамхориҳои бевоситаи Президенти мамлакат нисбати соҳаҳои маорифу тандурустӣ мебошад. Ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати омӯзгорон ва ҷавонон беназир аст. Аз ин рӯ ҳар яки Шумо ҷавононро мебояд аз шароитҳои имрӯза ва неъматҳои истиқлолият, ватани ободу зебо истифода намуда, донишу касб аз худ намоед. Ҳамзамон донишҷӯёнро барои иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон — Ватани  азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат” ва дигар озмунҳои фаннию касбӣ, мусобиқаҳои варзишӣ даъват намуд.

    Сипас муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтзода Г. суханронӣ намуда,  ба донишҷӯён тартиботи дохилаи коллеҷро хонда дод. Аз донишҷӯён таъкид ба амал оварда шуд, ки бо одоб бошанд, эҳтроми омӯзгорон ва ҳамсолони худро ба ҷо биёранд, ҳеҷ гоҳ одоби салом додан ва муоширати боодабонаро аз ёд набароранд, ҳисси ватандӯстӣ дошта бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, дар чорабиниҳои тарбиявии муассиса фаъолона иштирок намоянд.

Муовини дирекор оид

ба корҳои тарбиявӣ                                Г.Ҳ. Хушвахтзода

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.