ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҶАМЪИЯТИ АСАБПИЗИШКОН ДАР ш.КӮЛОБ

0 7

    Санаи 18 майи соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” ҷаласаи сайёри ҷамъияти асабпизишкони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагон аз шаҳри Душанбе ва мутахассисон аз муассисаҳои тандурустии шаҳру навоиҳии минтақаи Кӯлоб, бахшида ба ёдбуди профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз ташкилу баргузор гардид.

   Пеш аз оғози ҷаласа иштирокчиён ба осорхона ва синфхонаи фанни асабпизишкии ба номи Раҳмонзода Р.А. ташриф оварда, он ҷо бо ҳаёт, фаъолият ва эъҷодиёти устоди зиндаёд ошно гаштанд. Сипас меҳмонон аз китобхонаи коллеҷ низ дидан намуданд.

    Дар кори ҷаласа сармутахассиси ғайривоҳидии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатов Х.Н., муовини мудири шуъбаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар шаҳру минтақаи Кӯлоб Ғаюров С., роҳбарият ва омӯзгорони коллеҷ, табибон асабпизишкони муассисаҳои тандурустии шаҳру минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд.

    Дар оғози ҷаласа раиси иттифоқи касабаи кормандон ва омӯзгорони МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Иброҳимов С. доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмии профессор Раҳмонзода Р.А. маърӯза намуд.

     Сипас мудири шуъбаи асабшиносии шуъбаи бемориҳои асаби  Беморхонаи клиникии бисёрсоҳавии вилоятии ба номи Абдулмаҷид Ҳакназарови ш.Кӯлоб Эмомов Баҳриддин Ҷумаевич баромад намуда, доир ба вазъи  соҳаи  асабшиносӣ дар  шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб маърӯза намуд. Ӯ дар маърӯзааш доир ба таърихи ташкили шуъбаҳои асабшиносӣ, таъмини муассисаҳои тандурустии шаҳру минтақаи Кӯлоб бо мутахассисон, вазъи хизматрасонӣ, дастовардҳо ва камбудиҳо сухан ронд. Сипас масъалаи мазкур дар ҷаласа мавриди музокира қарор дода шуда, доир ба боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар соҳаи асабпизишкӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб пешниҳодҳои мушаххас карда шуданд.

     Дар ҷаласаи ҷамъият маърӯзаҳо аз тарафи сармутахассиси ғайривоҳидии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатов Хайрулло Назруллоевич доир ба мавзӯи “Ботулизм, ташхис, табобат ва услубҳои пешгирии он”, аз тарафи ассистенти кафедраи асабшиносӣ ва генетикаи тиббии ба номи Раҷабалиев Ш.Ф. Файзуллоев А.Х. доир ба мавзӯъҳои “Синдроми Гийена – Барре”; “Ислоҳи халалёбиҳои ҳаракатӣ ва идрокӣ (когнитивӣ) дар беморон баъди сактаи майнаи сар” ва аз тарафи Давлатов Бахтиёр асабпизишки кӯдаконаи ББКВ ба номи А.Ҳақназарови ш.Кӯлоб доир ба мавзӯи “Фалаҷи майнаи сар дар кӯдакон” пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуданд. Доир ба мавзӯъҳои пешниҳодшуда дар ҷаласа саволу ҷавобҳо ва музокираҳои гарму ҷушон сурат гирифтанд.

    Дар охир ҷаласа қарорҳои дахлдорро доир ба беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба беморони системаи асаб дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб қабул намуд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.