45 СОЛ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

0 2

     Дар муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» барои баланд бардоштани одобу ахлоқ,  боло бурдани сатҳи фарҳангу маърифат ва  тарбия намудани донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, зебоипарастӣ ва эҳтиром ба аркони фарҳангии халқи тоҷик пайваста чорабиниҳои бадеӣ гузаронида мешавад.

     Санаи 7 майи соли ҷорӣ ба истиқболи Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва таҷлил аз фаъолияти 45-солаи оҳангсоз, овозхон ва аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутриби шинохтаи минтақаи Кӯлоб Шараф Азиз дар ҷодаи фарҳанги миллӣ чорабинии фарҳангии бошукӯҳ баргузор гардид. Чорабиниро директори муассиса Азиззода З.А, оғоз намуда, саҳми Шараф Азизро дар рушду нигаҳдории фарҳанги миллии мардуми минтақаи Кӯлоб ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, ӯро барои ба синни мубораки 70 солагӣ расидан ва заҳматҳои 45 солааш дар рушди санъати овозхонӣ муборакбод гуфт. Ҳамчунин ба устод Шараф Азиз барои заҳматҳои бисерсолааш дар рушди санъату фарҳанги миллӣ ва ҳамкории пайваста бо коллеҷ дар тарбияи маънавии устодону донишҷӯён сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии роҳбарияти коллеҷ тақдим карда шуд.

Дар чорабинӣ аз тарафи устод Шараф Азиз ва шогирдонаш ба иштирокчиён дастагули оҳангҳои иборат аз сурудҳо дар мавзӯи ватандӯстӣ, тарануми ишқу муҳаббат ва сулҳу ваҳдат пешкаш гардид, ки то дергоҳ дар хотираи тамошобинон нақш хоҳад баст.

Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтзода Г.Ҳ.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.