ҲАР КАС БА ЗАБОНИ ХУД СУХАНДОН ГАРДАД …

0 22

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

     Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми азизи тоҷик имкон фароҳам овард, ки забони миллии худро дар тамоми ҷанбаҳои сиёсию ҳаётӣ ба таври васеъ истифода намояд. Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ҳар як шаҳрванди кишварро водор менамояд, ки барои густариши бештари забон ва ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намояд. Роҳи асосии ҳифзи забони давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар миллат аст. Бинобар ин, дар заминаи қабули қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» саъю талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар ниҳоят муҳим мебошад.

     Барои амалисозии мақсадҳои мазкур дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” кафедраи забон ва адабиёти тоҷик фаъолият менамояд. Дар назди кафедраи мазкур маҳфилҳои фаннӣ-адабӣ фаъолият менамоянд, ки пайваста бо мақсади баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва азхудкунии мероси адабии миллӣ чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла дарсҳои кушоду намунавӣ, конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва ғ. ташкилу баргузор карда мешаванд.

  Мудири кафедраи “Забон ва адабиёти тоҷик”                  Валиева Ҳ.С.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.