ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁН ДАР ШАНБЕГӢ 0 4 Мубодила кардан Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳашарҳои дастаҷамъона бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ташкилу баргузор карда мешаванд. Санаҳои 13-14 апрели соли ҷорӣ гурӯҳи омӯзгорону донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” дар аксияи тозагӣ таҳти унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман” фаъолона иштирок намуданд. Дар ин рӯзҳо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ дар тоза намудани сойи Тебалай, мавзеъи муайяншудаи шаҳр, саҳн ва гирду атрофи муассисаи таълимӣ саҳм гузоштанд. Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 4 Мубодила кардан