ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ШАҲРИИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН” 0 6 Мубодила кардан Таърихи 29 феврал дар асоси Нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид, ки дар он ҳайати кормандон ва донишҷӯдухтарони МДТ «Коллеҷи тибии шаҳри Кулоб ба номи Раҳмонзода Р.А» иштироки фаъолона намуда, бо иҷрои шартҳои озмун, аз ҷумла оростани дастархон ва омода намӯдани хурришҳо ва таъомҳои миллӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гашта бо Сипосномаи раиси шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд. Ҳадаф аз баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ин ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва меҳанпарастӣ дар замири насли ҷавон, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ ва ба бар намудани либосҳои миллӣ арзёбӣ мегардад. Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтзода Г.Ҳ. Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 6 Мубодила кардан